Модули 1: Мундариҷави
Модули 2: Тадқиқи майдони мушкилотдор
Модули 3: Генерацияи ғояҳо ва ҳалҳо
Модули 4: Воридкуни ва адвокацияи лоиҳаҳои инновациони

Санҷиши ҳалҳо

Ҳамин тавр, барои чи ба мо санҷидани навовариҳо пеш аз ворид намудани он муҳим мебошад? Навоварӣ (инноватсия) – ин ҳамеша чизи нав аст, ин ҳамеша озмоиш мебошад. Ва ҳеҷ гоҳ он кафолат намедиҳад, ки он натиҷае, ки мо интизорем диҳад. Албатта мо ба он хеле дер боз омода будем. Албатта, мо ҳаҷми калони корҳоро ба анҷом расонидем, ки ба санҷиш ва татбиқи он бирасем. Аммо аз ин рӯ барои мо дастгирии лоиҳавии он муҳим мебошад, ки мо онро санҷем ва минбаъд ворид созем.

Чи гуна санҷиданро ман дар якум модул зикр карда будам. Биёд ман кӯтоҳак онро хотиррасон намоям.

Мо фарзияе дорем, ки чизеро мо дар ин олма тағйир намоем?Чизеро мо беҳтар карда метавонем? Чи гуна мушкилиҳоро мон ҳал намуда метавонем? Баъди ин мо як чанд амалҳоро ба анҷом мерасонем ва менигарем ба маълумотҳо – чиро тағйир дод ин амал? Баъд аз он, ки мо маълумотҳоеро ки моро қаноатманд мекунанд ё не, мо аз таҷрибаи гирифташуда хулосаи муфид мегирем ва аксаран ба сатҳи нави барқарор намудани фарзия ворид мешавем. Ҳамин гуна мо, бо таври гардишӣ, инноватсияи иҷтимоиро татбиқ ва ворид мегардонем. Агар шумо дар ёд дошта бошед, мо ин давраро “ҳади, гипотезис, экшн, дата, инсайт ё итератсия” номида будем.

Пас, чи бояд ташкилоти моро дар ин давраи душвор роҳнамои намояд, дар ҳоле ки мо ба ҷаҳон, ба бенифитсиарҳоямон ва шариконамон ҳалли навро пешниҳод менамоем, ки дарвоқеъ сабоқҳои мо ба ин равона шудааст? Як замонҳо, воқеан начандон пеш, тақрибан чил сол пеш ба маҳз ҳамин гуна масъалаҳо рӯбарӯ шудаанд, эҳтимолан шахсоне ки дар сафи пештарини инноватсияҳо мебошанд – ин таҳиягарон ва барномасозон ҳастанд. Ин шахсоне мебошанд, ки дар маҳсулоти нармафзори (барномавӣ) хеле мураккаб натанҳо барои мақсадҳои тиҷоратӣ дошта, инчунин бо мақсадҳои дорои аҳамияти воқеан муҳими миллӣ (давлатӣ) кор мекунанд. Ин фазонавардӣ, ҳамон соҳаи тиб, таҳаввулоти мураккаб марбут ба амният ва амнияти иҷтимои.

Онҳо бо чи рӯ ба рӯ шуданд? Технологияҳо зуд тағйир меёбанд, истеъмоли иттилоот хеле зуд тағйир меёбад, талаботи иҷтимоии бенефетсиарҳоямон аз ин ҳам зуд тағйир меёбад. Ин чунне зуд тағйир меёбад, ки таҳаввулоте, ки дирӯз омода шуда буд ва дирӯз пешниҳод гашта буд имрӯз аллакай кӯҳна мешавад. Ва онҳо барои худ як системаи нави идоракунии лоиҳаҳои инноватсиониро ихтироъ намудаанд. Ин чӣ маъно дорад? Лоиҳаҳои инноватсионӣ назар ба қарорҳои устувори санҷидашуда бо тарзи дигар идора карда шаванд. Лоиҳаҳои инноватсионӣ бо он хос мебошанд, ки дар замоне тавлид мешавнд, ки ҳама чиз дар атроф тағир меёбад – мушкилот тағир меёбад, ҳалли он кӯҳна мешавад, вазъи иқтисодӣ иваз мешавад. На танҳо дар кишвар, балки дар тамоми ҷаҳон.

Ҳангоми тағйир ёфтани ҳама чиз, чӣ бояд кард? Ин саволе мебошад, ки онҳо ба худ гузоштаанд.

Ва натиҷае, посух ба ин савол технолгияҳои фасеҳи идоракунии лоиҳаҳо ё “эҷайл усул”, “эҷайл равиш” шуданд.

Акнун ман ба шумо дар бораи ду методологияҳои асосӣ, ки шумо метавонед истифода баред мегӯям. Пеш аз омӯхтани технология, чизҳои хеле муҳим дар бораи дастаи шумо зикр намудан муҳим аст. Усулҳои қайиш, албатта, барои на ҳама ташкилотҳо мувофиқ аст. Усулҳои қайиш пеш аз ҳама барои созмонҳои ба ном уфуқӣ мувофиқанд.

Барои фаҳмидани ин, биёед ба ёд орем ва мутмаинам, ки ҳама медонанд ташкилоти амудӣ чист. Ташкилоти амудӣ он аст, ки дар системаи мо як силсиламаротиби (иерархия) хеле сахт мавҷуд аст.

Дар мо ҳама ба идораҳо, ба шӯъбаҳо тақсим шудаанд. Ва ҳар яки он бо самти худ кор мекунад, ва ин низомро хеле кам вайрон намудан мумкин аст.

Ташкилоти уфуқи чи мебошад? Одатан ин як даста ё як қатор чунин дастаҳо мебошад ки бо якдигар вобаста ҳастанд. Аммо онҳо як чанд мавқеъро пайваст намоянд, аз ҷумла худи асосгузорон ё роҳбаронро. Онҳо метавонанд ҳам нақши иҷрокунанда, ҳам мушовир ва ҳам нақши коршиносро иҷро намоянд. Ва боз ба вазифаи роҳбарии худ баргарданд, то ки дар оянда қарорҳоро қабул намоянд. Инро мо дастаҳои уфуқи меномем, дар ҳоле ки дар мо инқадар силсиламаротиб надорем, аммо робитаҳои уфуқии бештар байни якдигар, ҳатто мутахассисони тамоман мухталиф дорем.

Масъалан, муҳаққиқони шартӣ бе дархост аз зинаи поён ба роҳбарият ва баргаштани ин дархост ба зинаи поён баргаштанаш, рост ба муҳосиби шартӣ муроҷиъат намоянд. Ин хеле роҳи дур аст. Ба аксари ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҳамин гуна сохтори уфуқӣ хос мебошад.

Дар ҳолате, ки дар мо сохтори мустаҳками амудӣ аст, чи бояд кард? Дар ин ҳолат ягон мушкилие нест. Шумо ихтиёр доред онро дар шароити муосир нигоҳ доред. Вале дар татбиқи лоиҳалои инноватсионӣ аксаран идораҳое лоиҳавие ташкил мешаванд, ки дар даруни сохтори амудӣ дорои сохтори уфқӣ мебошанд. Агар ҳамин шарт иҷро карда шавад, дар дастаи мо кормандони ҳавасманд фаъолият мебаранд, яъне онҳоро маҷбур кардан лозим нест, онҳо бо кор ҷалб ҳастанд ва инноватсияро ба пеш бурдан ҳозир ҳастанд, пас ман боварӣ дорам, ки шумо “эҷайл усул”ро истифода баред.

Инак, якум технологияе, ки ман бо он шуморо шинос менамоям ин   скрам мебошад. Скрам чӣ аст? Аз забони инглисӣ ин “ҷунбиш” аст. Ин як ҳаракати кӯтоҳи ба пеш аст, ки пешравиро таъмин менамояд. Пеш мо бисёр чизҳоро ба солҳои тӯлонӣ нақша кунем: мансаби худро, пешбарии ташкилоти худро, ривоҷи ҷамъиятро. Айни замон, дар вазъияти ҳозира, ки ҷаҳон хеле тағйирёбандааст, тамоми нақшаҳои мо, ҳамаи стратегияҳои мо хеле тағйир ёфтаанд ё тамоман нодаркор шудаанд.

Инак, скрам чист? Ин кори худро дар муддати кӯтоҳ кори худро тартиб диҳед, бо риоя кардани ҳадафи ниҳоӣи. Скрам методологияи ниҳоят сабук ба назар мерасад, ва инчунин ҳам мебошад, дар нигоҳи аввал. Хуллас, аз чи он иборат мебошад? Шумо мақсаде доред, ки онро дар марҳилаи эматӣ муайян намудед, шумо ҳалли онро доред, ки онро дар марҳиллаи тартибдиҳи эҳё намудед. Ва он роҳҳои ҳалле, ки шумо тартиб додед, ба як қатор вазифаҳо тақсим намудан мумкин аст.

Як вазифа – иҷроиш – барои санҷидани фарзияи мон, роҳҳои ҳалли мо, шартан 15 дақиқаро талаб менамояд. Дуруст, вазифаҳое мешаванд, ки хеле бисёр ҳуҷҷатҳоро чоп намуда онҳоро нишаста муқоиса намоед.

Ҳаст вазифаҳое, ки хеле дарозмуддат аст. Онҳое, ки як рӯзи кории мутахассисро банд мекунад. Ин масъалан, ҳамон ҳуҷҷатҳоро гирифта таҳлили муқоисавӣ гузарондан аст. Ва ҳар як роҳи ҳалро мумкин аст ки ба ҳамин гуна вазифаҳои хурд тақсим намоем. Ин аст бо забони скрам “бэк лок”. Бо калимаҳоии содда гӯем – ин бойгонии вазифаҳои мост, ки онро мо дар мудддати муайян иҷро намоем.

Аслан ин як ду ҳафтаро дар бар мегирад – ин муддати ҳади аққал аст. Максимум —  ин чаҳор ҳафта буданаш мумкин аст. Яъне, ин ҳамон гуна муддат аст ки, барои ҷаҳидан ва расидан ба натиҷаи муайани фосилавӣ аст. Ва ба атроф назар намудан лозим, ки ягон чӣ тағйир наёфтааст, дар нақшаи мо чизеро тағйир намоем, то фарзияи худро амалӣ созем, ин фарзияро санҷем. Ва ҳамин фосилаи вақтро мо “спринт” меномем.

Ман фикр мекунам ки, ҳар яки шумо медонед спринт чист. Ин масофае хеле кӯтоҳ аст, ки дар он якчанд даванда якбора бо суръати баландтарин медаванд. Айнан барои ҳамин ҳам он спринт номида мешавад.

Ва хусусияти истифодаи скрам дар он аст, ки мо вазифаҳоро ба таври визуалӣ дар фазои физикӣ ё дар фазои маҷозӣ ташкил менамоем. Яъне ба ном скрам-лавҳаи мо аз се қисми муайян иборат аст:

  • нақша карда шудаас, масъалан, ба иҷрои ин вазифа ду ҳафта дода шудааст;
  • он чӣ дар ҷараёни амалисозӣ қарор дорад;
  • он чӣ ки аллакай иҷро шудааст.

Ва зангҳои ҳаррӯза ё вохӯриҳо дар дохили созмон бо давомнокии ҳадди аксар 15 дақиқа баргузор мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳама дар дохили дастаи уфуқӣ ба ҳамдигар зуд нақл мекарданд, ки имрӯз чӣ кор кардааст, фардо чӣ кор хоҳад кард ва чӣ мушкилоте пеш омадааст?!

Агар мушкилот бо тавсияи хеле оддии як ҳамкори дигар бартараф карда шавад, пас мо ба пеш ҳаракат мекунем.

Агар ин мушкилот саъйи тавзеҳиро талаб кунад, барои рафъи ин мушкил коре кардан лозим аст, пас ин дубора ҳамчун вазифа гузошта шуда, ба “блек лок” гузошта мешавад. Ба назар ҳамма чӣ содда ба назар мерасад. Ки роҳбарӣ мекунад, ки ташкил мекунад, ки масъули маҷлис мебошаду ин масъалаҳоро ба вуҷуд орад.

Барои ҳар рӯз интиқол додани вазифаҳои инноватсиониро аз сутуни чап ба сутуни рост.

Чунин шахсро дар созмон устои скрам меноманд. Ӯро метавон мураббии даста низ номид. Касб мавҷуд аст ва шумо метавонед онро азхуд намоед: скрам-усто ё эджайл-мураббӣ. Аз ин лиҳоз ин ак мавқеи пурра аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо касеро ба кор гиред. Аз омӯзиши махсус гузаштан кофист, итиллоии ройгон пур аст. Вазифаи мо дар ин дарс аз он иборат аст, ки ин имкониятро ишора намоем.

Дар бораи скрам чи илова кардан мумкин аст? Новобаста аз соддагии ба назар намоён, ки ман қаблан зикр кардам, Скрам қодир аст ба мо миқдори зиёди иттилоотро пеш аз ҳама дар бораи худамон диҳад.

Фарз кунем, ки шумо дар тӯли ду ҳафта 100 вазифаро якҷоя ба анҷом расониданиед. Ҳафта мегузарад. Шумо ба сӯи фарзан ретроспективаҳо меравед.

Ретроспектива – ин ҷамбасти натиҷа аст, спринт, вақте ки тамоми даста менигарад ва дар хотир дорад, ки ҳама чиз чи намуд гузашт, он чи олӣ буд, он чизҳое ошкоро набуд, ва мо аз ин чӣ хулоса бароварда метавонем ва дар кори худ тағйирот ворид мекунем. Ва муҳимтар аз ҳама — мо аз якдигар миннатдорем. Барои муттаҳид кардани дастаи мо. Дар он ҷо, дар ин ретроспектива маълум мешавад, ки ба ҷои сад вазифае, ки шумо ба нақша гирифта будед, масалан, шумо 60 вазифаро анҷом додед. Яъне, шумо тавонистед танҳо 60% -ро азхуд кунед. Албатта, ин иттилооти гуворотарин нест ва барои мо олиҷаноб аст. Зеро он далел аст. Ва далелҳо ҳамеша дӯстона мебошанд.

Ин ба мо иқтидори дақиқи тамоми дастаи моро нишон медиҳад, аз ҷумла лоиҳаҳои инноватсиониро. Боз чи муҳим аст? Дар бораи чи бояд мулоқот намуд? Чизе ки мо ба нақша гирифтем хушбин ва кабир мебошад. Ин аслан хуб аст. Вале шумо ба имкониятҳои худ бо чашми воқеият назар намоед. Барои он ки шумо ғайр аз лоиҳаҳои инноватсионӣ, дигар лоиҳаҳоро ба анҷом мерасонед, ки таркиби инноватсионияш камтар аст. Ин ба тамоми даста маълумоти муҳим мебошад, ки то чи қадар аз лоиҳаи худ мо ба ҳаёти татбиқ менамоем?!

Ҳангоми гузаронидани ретроспектива, масъалан, ягон чизи муҳимро дида метавонем? Ҳангоми ин спринт мо дида метавонем, ки рӯйхати 100 вазифа ба 140 расид? Аз куҷо ин 40% изофа шуд? Аз чи ин далолат мекунад? Аз он далолат мекунад, ки мо нақшагузории вазифаҳоямонро иштибоҳона мекунем. Ва дар ҳолати якум мо вақти худро хато нақша кардаем, дар ҳолати дуввум мо ҳаҷми вазифаҳоямонро ғалат нақша кардем.

Яъне, мо бо дастаи худ то охир дарк намекунем, ки дар як рӯйхат чи қадар вазифаҳо мавҷуд аст. Яъне як вазифа ба як чанд, думаротиб ё чаҳор маротиб афзуд. Ин ба чи мефаҳмонад? Ин сабаби худро таҳқир кардан нест. Асло. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар спринти навбатӣ мо бошуурона диққати тамоми дастаро ба он равона мекунем, ки мо то чӣ андоза ба вазифаҳо назари дақиқ мекунем, то чӣ андоза он воқеи аст.

Бо ҳамин Скрам хуб мебошад. Ман дар бораи Скрам хеле зиёд сӯҳбат карда метавонам. Ман низ худ ҳамин гуна таълим дар бораи Скрам дар давоми чанд рӯз гирифтаам. Ва кадоме аз шумо қарор мекунад ки ин усулро натанҳо дар китобу адабиёти иловагӣ санҷад, балки имконият меёбад ва яке аз эджайл устозон дар соҳаи ғайриҳукуматӣ шавад.

Як методологияи иловагӣ мавҷуд аст, ки тариқи он мо метавонем лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ кунем. Аммо дар асл, ин метавонад на танҳо ба лоиҳаҳои инноватсионӣ, балки ба ҳама гуна лоиҳаҳое, ки аз як тараф дар муҳити доимо тағйирёбанда амал мекунанд, дахл дошта бошад ва аз тарафи дигар, шумо наметавонед раванди иҷрои ин лоиҳаро тағир диҳед.

Масалан, чунин равандҳои сахт мавҷуданд, ба мисли гузаронидани тадқиқот, ё равандҳои сахт, ба монанди нашри баъзе равандҳои иттилоотииву таълимӣ. Ё ин ки шумо бо раванди сахт ошноед, ба мисли пешниҳод дилхоҳ ҳисобот. Хусусияти ин равандҳо, ин татбиқотҳо аз чи иборат аст? Хусусияти онҳо аз он иборат аст, ки онро пайгири намудани марҳила ба марҳила мумкин аст. Ин марҳилаҳо дар доираи масъуляти як шӯъба, раёсат, ҳайъати корӣ, мутахассис мебошад.

Агар шумо, масалан, чопи як лоиҳаи махсусро гиред, масалан, шумо як бюллетен, маълумотнома ё чизи ба ин монандро нашр мекунед. Мо дарк менамоем, ки гузоштани вазифаи техникӣ мавҷуд аст: барои ин ё он боб, интихоби муаллиф, муаллиф тамоми инро иҷро менамояд ва ба муҳаррир ирсол менамояд. Муҳаррир месанҷад, тасдиқ мекунад, сипас ҳамаи ин ба корректорҳо интиқол дода мешавад, корректорҳо ҳама чизро ба тарҳ интиқол медиҳанд, сипас матнро баъзе муҳаррири нашркунанда мехонад, вергулҳо, дефисҳоро ислоҳ мекунад. Баъдан ҳамаи ин ба матбаа интиқол дода мешавад ва ғайра ва ғайра. Ва ниҳоят мо муаррифӣ хоҳем кард. Алгоритми хеле дақик вуҷуд дорад ва аз рӯи Скрам ҳама ин чизро озод кардан мумкин аст, аммо комилан дуруст нест. Барои он ки дар скрам мо ба туфайли функсияҳои фарогир вазифаҳои якдигарро ба ӯҳда гирем. Дар як ширкат ин импконпазир аст. Вале дар ташкилоти мо аломатҳои чунин ихтисоси камчин вуҷуд дорад.

Пас байни канбан ва скрам чист? Канбан ба мо натанҳо аниқ намудани иқтидори умумии дастаи моро имкон медиҳад. Канбан ба мо имкон медиҳад, ки дар ҷараёни амалисозии ҳама гуна лоиҳа «монеаҳо» -и визуалиро бубинем, аммо пеш аз ҳама инноватсиониро.

Масалан, мо мебинем, ки бисёр вазифаҳо дар сатҳи навиштани матнҳо ҳастанд. Ҳар як ташкилот бо чунин мушкилот дучор мешавад. Ҳоло матнҳо навишта мешаванд ё ҳатто ба итмом расидаанд.

Аммо ҳоло шумораи камтари матнҳо таҳрир карда мешаванд. Яъне, маъмулан, дар ин сутун мо нӯҳ матн дорем ва дар таҳрир ҳамагӣ ду матн дорем. Саволе ба миён меояд: чӣ имкон медиҳад, ки ин тавр шавад? Вазифаи мо иборат аз он аст, ки ҳарчи бештар супоришҳоро иҷро карда шавад. Аммо инҷост маҷрои танги мо, ки дар он диққати тамоми ташкилоти мо банд мешавад, ки чи гуна мо иқтидори гузариши онро баланд карда метавонем.

Ва мо дарк менамоем, ки ин маҳдудияти аслии мост, ва мо бо сабабҳои гуногун наметавонем онро гузарем. Ҳар гуна ҳолат ба вуҷуд меояд.

Барои ҳамин мо ин маҳдудиятамонро қабул менамоем, онро чен мекунем, рақамгузорӣ менамоем, ва дар нақшагузориҳои оянда онро ба инобат мегирем. Яъне, мо муаллифҳоро ба тазйиқ намеорем, маҷбур намекунем, ки онҳо бисёр нависанду то нимсол аз муҳаррир посух интизор шаванд.

Канбан ни ба ҳамин гуна нақша гузаронида мешавад, ки дар боло ман дар скрам зикр намудаам. Ва дар ташкилот канбан-усто мавҷуд аст. Шахси навро ба кор қабул намудан шарт нест. Як чанд шахс дар ташкилот буданаш мумкин, ки онҳо ҳам машваратҳоро, нақшагузориҳоро ва финализатсия ва ретроспективаро мегузаронанд.

Ин бо дақиқ дидани омори ташкилоти мо маълум мешавад. Ин хело муҳим аст дар санҷиш ва амалисозии инноватсияҳои мо. Барои он ки дар ҳаррӯза фаъолияти оператсионии мо, вақте ки бо ташкилот роҳбари мекунем, ба ғайр аз вазифаҳои лоиҳаҳои инноватсиони, метавон бо осонӣ роҳҳои ҳаллӣ эҷодӣ, инноватсиониро дар қатори ӯҳдадориҳои асосӣ гум намуд.

Ва хеле хуб мешуд ки шумо роҳҳои ҳалли худро бо усули эҷайл ё скрам ва канбан санҷиданро оғоз намоед. Аз якеи онҳоро интихоб намоед, аз адабиёти иловагӣ хонед. Ва аз ин натиҷае дидед онро ба дигар лоиҳаҳои худ татбиқ намоед.