Модули 1: Мундариҷави
Модули 2: Тадқиқи майдони мушкилотдор
Модули 3: Генерацияи ғояҳо ва ҳалҳо
Модули 4: Воридкуни ва адвокацияи лоиҳаҳои инновациони

Матрицаи имкониятҳо

Дар натиҷаи курси мо шумо матрицаи имкониятҳоро барои воридкунии инновация ба даст меоред. Матрицаи имкониятҳо аз ба таври муфассал гузаронидани инструментҳои дастрас ба шумо дар майдонҳои гуногун иборат аст.

Майдони аввал – мо аллакай дида баромадем. Ин умқи инновация аст.

Майдони дуввум – вектори ин инновация аст. Ман аллакай якчанд бор такрор кардам, ки равонашавандагии ин ё он инновация дар мо метавонад ҳамчунин нисбати одамони муайян, бенефициарҳои физики,  ҳам ҷомеаҳо ва ташкилотҳо бошад. Ва аз он ҷумла ташкилоти шумо метавонад дар майдони инновация бошад ва давлат, мақомоти давлати ва идораҳо.

Ва боқимонда се сутун – ин се чунин модулҳои мо мебошад, ки бахшида мешаванд:

  1. Якум – тадқиқоти майдони мушкилотдор. Бо он инструменте, ки ба шумо аллакай ҳозир дастрас аст.
  2. Ин инструментҳо генерацияҳои ҳалҳо мебошад.
  3. Ва ин инструментҳои воридкунии инновация ва баҳогузаории самаранокии онҳо.

Баробари истифода бурдан ва то комилият коркард кардани ин матрица, шумо метавонед хеле зуд таркиби иноватсиониро дар дохили лоиҳаҳои дохилии худ ба кор дароред.

Бо ҳамин қисми муқаддимавии модули мо тамом шуд. Дар айни замон, мо чи дорем? Шумо мефаҳмед, ки инновация чист. Шумо чор намуди иноватсия, чор майдони асосии амаликунии онҳоро медонед. Шумо чор қадам оиди кор бо усулҳо ва ҳалҳои навро медонед, инчунин шумо он натиҷаҳое ки мо бо шумо дар охири модули худ меоем, мефаҳмед.

Мо бо шумо ба зуди вомехурем. Вазифаи шумо ҳозир ин гузаштани санҷиш аст.

Аз нав тафтиш кардани маълумоти гирифта ва омода шудан аз ҷиҳати маънави барои ба даст овардани инструментҳо оиди тадқиқи майдони мушкилотии бенефициарҳои шумо.