Ва худи ҳозир мо бо шумо чор намуди иноватсияи навро дида меброем. Чи тавре шумо аллакай фаҳмидед, иноватсияи иҷтимоӣ дар фосилаи доимии байни майдони мушкилотии бенефициарҳои шумо ва майдони ҳалли қарор дорад. Айнан аз сабаби номукаммалии ин ҷаҳон дар мо бо шумо ҳамеша бо чи машғул шудан фурсат ҳаст. Ва намудҳои иноватсияҳои иҷтимоӣ, мутобиқатан вобаста аст аз намудҳои мушкилот, ки бо он мо ру ба ру мешавем ва намудҳои ҳалле ки мавҷуд аст ва ё мавҷуд нест.
Ҳамин тариқ, мо ду намуди мушкилот дорем. Мушкилоти хуб омухташуда. Масалан, мушкилот бо партовҳо.
Мо тадқиқотҳои хеле зиёд дорем, мо санҷишҳои хеле зиёд дар кишварҳои гуногуни ҷаҳони гуногунамон дорем. Мо хеле хуб мефаҳмем инро ва мо маълумоти хеле зиёд дорем оиди ин мушкилот.
Аммо мушкилоте ҳаст, ки хеле кам омухта шудааст. Ин мушкилоте ки ба мо равишҳои дарозмуддати ташаккули сиёсатро илова мекунад, ба монанди мушкилоти таъҷили ки аз таваккалҳои амалишаванда пайдо мешаванд. Ва фикр мекунам, шумо ҳама мефаҳмед, ки ман чиро дар назар дорам. Ман ҳозир аз он ҷумла дар бораи пандемия сухан мекунам. Шумораи зиёди мушкилоти ногаҳони –камомухташуда – дар назди ҷаҳони мо истодааст, ва мо бо шумо дар эҳтиёҷи дарки ин мушкилот истодаем.
Инчунин мо ду гуруҳи ҳалро дорем. Ҳалли тафтишшуда, ҳалли фаҳмо. Ҳалҳое, ки мо метавонем аз таҷрибаҳои беҳтарин гирем ва ҳалҳое ки танҳо ба нақша медароянд. Контурҳои онҳо танҳо танҳо пайдо мешаванд, ва ё аз минтақаи биниш берунанд, аммо мо мефаҳмем, ки ин ҳалҳо ба мо заруранд, ва ба мо зарур аст ба самти онҳо ҳаракат кунем ва бо усули таҷрибанок онҳоро ламс намоем.
Ҳамин тариқ мо бо шумо ду намуди мушкилот дорем ва ду намуди ҳал дорем. Ҳамчун мушкилоти камомухташуда ва ҳалл, ҳам мушкилоти хуб фаҳмо барои мо мушкилот ва ҳал аст. Ва фаъолияти мову шумо метавонад ҳамаи ин мушкилотро дар бар гирад ва ҳалро ва дар пайвастаги мо бо шумо матрицаро дорем, ки аз чор квадрантҳо иборат аст. Ва, мутобиқатан, маҳз дар ин чор майдон мо метавонем бо шумо чор намуди иноватсияи иҷтимоиро истифода барем.
Ҳамин тариқ, биёед қадам ба қадам ҳар як майдонро барои инновация дида бароем.
Аз майдони фаҳмотар сар мекунем – дар он ҷое ки мо аниқ мушкилотро мефаҳмем ва дар он ҷое ки қадамҳои ҳалли коркардшуда вуҷуд дорад, ки мо метавонем ба онҳо муроҷиат намоем. Чунин намудҳои инновацияро мо инновацияҳои дастгирикунанда меномем, ки барои истифода аз ҷониби санҷишкунандагони беҳтарин ва мукаммалгардонии механизмҳои ҳалли ин мушкилот дар он ва ё ин соҳа ба миён омадаанд.
Масалан, чи тавре ман аллакай гуфта гузаштам, мушкилоте ҳаст оиди коркарди партовҳо ва дар ин ҷо дар ҷомеаи мо, дар шаҳри мо, дар кишвари мо метавонад то ҳол санҷишҳои беҳтарин ворид кардашуда набошад, барраси нашуда бошад, механизмҳо дарёфт нашуда бошанд, ҳамаи стейкхолдерҳо якҷоя ҷамъ карда нашуда бошанд.
Ин – майдони асоси барои фаъолияти инновациони мебошад. Барои он ки мушкилот зиёд аст, хуб омухташуда ва ҳалҳои зиёде мавҷуданд, ки танҳо воридкуни, мутобиқшави бо шаҳр, мухсусияти иқлими ва ғайраи моро талаб мекунанд. Аз ин сабаб ҳам бо ин майдон ҳама равшан, фаҳмо аст. Ва лозим аст танҳо даври воридкунии ин инновацияҳо ба кор дароварда шавад, ба ин давр мо имруз камтар дертар шуруъ мекунем.
Майдони ҳамсоя ба ҳолати хеле шавқовар дахл дорад, вақте мушкилот ба мо фаҳмо аст, ҳамааш дар он фаҳмо аст ба таври умум, мо тадқиқоти кофи дорем. Мо таҷрибаи кофии эмпирики дорем, мо респондентҳои кофии ин мушкилотро дорем. Аммо ҳалле ки барои ҳалли ин мушкилот истифодашаванда аст, ғайрисамаранокии худро нишон дод. Ва ҳақиқат ба мо коркарди ҳалли навро талаб менамояд.
Масалан, мо метавонем ҳамаро ба таври кофи хуб фаҳмем дар бораи партови кайҳони, агар сухан дар бораи партов равад. Ва мо дарк мекунем ки айни замон он ҳалҳое ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ва кишвари мо коркард шудаанд, аз он ҷумла барои ҳалли ин намуди мушкилот мутобиқ нестанд. Мушкилот ба мо равшан аст. Ва оқиботи он инчунин ба мо хеле равшан аст. Аммо мо чи тавр онро якҷоя бояд ҳал намоем, ба мо ҳоло фаҳмо нест.
Ва танҳо он вақт дар ин соҳаи инноватсия, кушишҳои мо ва мутамаркзони на танҳо дар омузиши ин мушкилот муттаҳид мешавад, балки маълумоти мо кофи мегардад. Маҳз дар коркарди комилан ҳалҳои нав.
Биёед як мисоли калонро дида мебароем, вақте мушкилот фаҳмо аст, ва лозим аст ҳалли комилан нав коркард шавад. Ба ҳама фаҳмо аст, ки вақте мо ба саёҳат меравем, муҳим нест дар кишвари мо ва ё ба хориҷа, ба мо зарур аст масъалаи ҷойро ҳал намоем, мо дар маршрути худ дар куҷо зиндаги мекунем. Ва ҳалли барвақте, ки бозор пешниҳод намуда буд, ба таври комил, кадом вақте кор мекард– ин турагентҳо буданд, ин отелҳо буданд, ин ким кадом сервисҳои оффлайн буданд, ки ба сайёҳ барои мавқеъёби дар ин ё он шаҳр кумак мекарданд.
Аммо ин ҳалҳо ғайриактуали шуданд, ҳамин ки трендҳои нав пайдо шуданд ва насли нави саёҳон пайдо шуданд. Ва дар ин ҳолат аз ҷониби бозор ҳалли комилан нав коркард карда шуд – чунин сервисҳо, ба монанди booking.com, чунин сервисҳо ба монанди couch-surfing. Дар онҳо алоқаҳи бевосита байни саёҳ саёҳаткунанда ва байни хост, соҳиби ин ё он бино содда карда мешавад ва ба роҳ монда мешавад. Ана ин мисоли хеле фаҳмо аст, вақте мушкилот барои мо фаҳмо аст, ва лозим аст баъзе кушишҳо барои коркарди ҳалли нав давом дода шавад, ба кор дароварда шавад. Ва чунин инновацияҳоро мо муваффақ меномем.
Намуди дигари инновацияро дида мебароем, вақте худи мушкилот дигар гардид. Худи ҳозир бо шумо мо дар маркази туфон қарор дорем зери номи «пандемия ва оқибатҳои он». Ва мо ҳама мебинем, ки чи тавр ҳалҳои коркардшуда актуали будани худро аз даст медиҳанд, барои он ки худи мушкилот дигар мегардад.
Масалан, худи ҳамон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ. Акнун ҳуқуқҳои мо вайрон карда мешаванд: ҳуқуқ барои ҳаракат, ҳуқуқи рақами. Онҳо бо сабабҳои фаҳмо вайрон карда мешаванд, давлат маҳдудкунандаҳои рақами барои ҳаракат, барои зиёрати объектҳои муайян, барои убури сарҳади давлати устувор мекунад. Ин комилан мушкилоти дигар аст, ки мо аллакай камаш як аср рубару нашуда будем.
Пеш аз он ки мо ҳалли муайянро пешниҳод кунем, ба мо лозим аст таваҷҷуҳи худро ба як нуқта ҷалб намоем, ва захираҳоро барои омузиши мушкилот равона созем. Ва дар ин майдони инновация воситаҳои худро дорад.
Ва дар мо квадранти охирон боқи мондааст. Ин квадранте, ки он ҷудошавиеро дар бар мегирад ки вақте ба мо на мушкилот ва на ҳалли он фаҳмо аст. Ба монанди, мисол бо ин олимони мо дар кушиши дар муҳлати кутоҳ коркард кардани вакцина рубару шуданд. Ин он аст ки мо иноватсияҳои фундаментали меномем, ки дар навбати худ ба тадқиқотҳои фундаменталии умқи асос ёфтаанд. Ин, ба монанди он аст ки агар мо кур курона, дар туман, дар биниши сифри ҳаракат карда бошем. Айнан бо ҳамин олимон, ақлҳои бузурги одамияти мо машғуланд. Маҳз барои чунин кашфиёт одамон ҷоизаҳои Сатҳи байналмилали ва дараҷаи Ҷаҳони мегиранд.
Ва агар ташкилоти шумо дар худи авангард, дар худи фронти чунин мушкилоти номаълум ва ҳалли номаълум кор кунад, он вақт барои шумо муҳим аст дар ин ҳолат бевосита бо институтҳои илми тадқиқотт, ҷомеаҳо ва иттиҳодияҳои илмӣ ҳамкори намоед.
Ҳамин тариқ, мо бо шумо чор майдони асоси барои инновацияро дида баромадем. Хеле муҳим аст дар он ҳарчи зудтар мавқеъгири карда шавад барои он ки фаҳмида шавад, маҳз ба кадом масъала кушишҳо, захираҳо ва он воситаҳои худро равона бояд намуд, ки дар бораи онҳо шумо аз курси мо хоҳед фаҳмид. Ба омузиши мушкилот, барои бакорандозии ҳалли нав, барои ҳамкори бо ҷомеаҳои пешқадами илмӣ ва тадқиқотчиён. Ва вақте шумо бо майдони асосии фаъолияти инновациони, лоиҳаи шумо мавқеъ муқарар кардед, шумо метавонед ба амаликунии он шуруъ намоед.