Модули 1: Мундариҷави
Модули 2: Тадқиқи майдони мушкилотдор
Модули 3: Генерацияи ғояҳо ва ҳалҳо
Модули 4: Воридкуни ва адвокацияи лоиҳаҳои инновациони

Чор қадами амаликунии инновацияи иҷтимои

Ва айни замо н бо шумо чор қадами асосии амаликунии иноватсияи иҷтимоиро дида мебароем. Пеш аз он ки мо ба баррасии инструментҳои иноватсияҳои иҷтимои дар чунин модулҳо шуруъ кунем, ба мо хеле муҳим аст даври комили воридкунии бобарори ин ё он инновацияро дида бошем.

Ин давр аз чор қадами асоси иборат аст:

Қадами аввал аз он иборат аст ки барои ҳар чи беҳтар майдони мушкилоти тадқиқ карда шавад ва фарзияҳо дар назди лоиҳа гузошта шавад. Ҳатто агар мушкилот айни замон хуб омухташуда бошад ҳам дар миқёси ҷаҳони, дар таҷрибаҳои ҷаҳони, ин маънии онро надорад, ки мо дар ин ҷой ишорача гузорему роҳамонро давом диҳем. Ба мо дар ҳар ҳолат ҳадди ақал ба таври минимали лозим аст тадқиқ намоем майдони талаботи бенефициарҳо ва стейкхолдерҳои худро.

Ва баъди он ки мо бо шумо масъала ва талаботи ҷомеаҳои худ, бенефициарҳо, ташкилотҳо, давлатҳои худро тадқиқ намудем, мо ба чунин қадам шуруъ мекунем – ин,  худи генерацияи ҳалҳо мебошад. Дар ин марҳила мо бо шумо як қатор инструментҳоро аз руи генерацияи ҳалҳо дида мебароем. Моҳият аз он иборат аст ки аз ҳамаи ин ҳалҳо мо бештар истифодашаванда, бештар фаҳмои онҳоро интихоб мекунем, дар фосилаи наздиктарини вақт.

Ва мо ба қадами севвум мегузарем, ин воридкунии ҳамин инновация аст. Дар ин марҳила мо инчунин  хеле инструментҳои гуногунро истифода мекунем. Мо онҳоро дар модули дуввуми курсамон дида мебароем.

Ва баъди он ки мо баъзе ҳалҳоро амали кардем, мо бо шумо натиҷаҳоро ба даст меорем, алоқаи акси, дар рақамҳо. Дар натиҷаи пурсиш, анкетакуни мо бо шумо меомузем. Ва баъди ин мо бо шумо имконият дорем ин фарзияро то комилият коркард кунем, ҳалҳои худро кор кард кунем  ва мутобиқатан ба даври нави инновациони ворид шавем.

Бале,  барои он ки инновацияҳо – ин на ҳамеша роҳи фаҳмо ва гузашташуда аст. Хотиррасон мекунам, ки инновацияҳо имконият доранд дар фосилаи байни майдони мушкилоти ва майдони ҳал пайдо шуда бошанд.

Ва боқимонда ҳамаи се модулҳои мо ба он равона шудаанд, ки ба таври муфассал инструментҳоро дар ҳар кадом қадами воридкунии инновация дида бароем.